Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 12 муҳоҷирро аз боздоштгоҳи Доғистон меорад


Махачқалъа. Акс аз бойгонӣ
Махачқалъа. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон саъй дорад, 12 шаҳрвандашро аз ҷумҳурии Доғистони Русия баргардонад.

Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки зоҳиран муҳоҷирони корӣ ҳастанд, барои риоят накардани қоидаҳои иқомат дар Махачқалъа дастгир кардаанд.

Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 23-юми феврал гуфт, айни замон таҳияи санадҳои 12 нафар идома дорад.

Гуруҳи боздоштшудаи муҳоҷирони тоҷик, ки зиёда аз ду моҳ боз дар боздоштгоҳи Доғистон ҳастанд, чанде пеш ба Радиои Озодӣ аз ояндаи норӯшани худ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Дар боздоштгоҳҳои Русия мисли ин муҳоҷирони корӣ садҳо шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳ дошта мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG