Ҳукумати ноҳияи Қанликӯли Қарақалпоқистон хабари фурӯрезии зинаи сохтмони баландошёнаи зистеро, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, тасдиқ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, зинаи бинои панҷошёна дар маҳаллаи "Узбекистони нав", ки 3 феврал насб шуда буд, 7 феврал фурӯрехтааст.
Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки зинаҳои боқии бино низ дар ҳоли фурӯрезӣ ҳастанд. Вазорати сохтмони Узбекистон гуфт, бинокорон ҳангоми бунёди зинаҳо ба иштибоҳ роҳ додаанд.
Ҳукумати Қанликӯл афзудааст, ки қазияро додситонӣ ва ниҳодҳои дигари дахлдор тафтиш мекунад.
Гуфтугӯ