Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, рӯзи 18-уми феврал ниҳодҳои вобаста ба ҳукумати Эронро ба даст доштан дар ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон муттаҳам кард. Дар ҳамлаи мусаллаҳонаи 27-уми январ ба намояндагии расмии Озарбойҷон раиси бахши амнияти сафорат кушта, ду корманди амниятии он захмӣ шуданд.
Ҳукумати Озарбойҷон як рӯз баъд аз он дипломатҳои худ ва хонаводаҳои онҳоро баргардонд ва сипас кори сафоратро дар Теҳрон бас кард. Бо ин ҳол, муносибатҳои дипломатии ду кишвар қатъ нашудааст ва сафорати Эрон дар Боку ба кори худ идома медиҳад.
Илҳом Алиев дар аввалин интиқоди мустақими худ аз мақомҳои Теҳрон дар мавриди ҳамла гуфт, сари вақт чораҷӯйӣ накардани пулис барои пешгирии фарди мусаллаҳ ва ин воқеият, ки телевизиони давлатии Эрон билофосила пас аз боздошти ҳамлакунанда бо ӯ мусоҳиба кард, нишон медиҳад, ки ӯ "аз сӯи бархе аз бахшҳои низоми Эрон фиристода шуда буд".
Раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ки дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен бо хабарнигорон суҳбат мекард, дар хусуси оддисозии робита байни Теҳрон ва Боку гуфт, "оддисозии робита бо Эрон ба таҳқиқоти шаффофе вобастагӣ дорад, ки омилони ин ҳамларо муҷозот кунад".
Носир Канъонӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба суханони Илҳом Алиев дар мавриди даст доштани "бахшҳое аз низом"-и Эрон дар ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон эълом кард, "беҳтар аст аз ҳар гуна пешдоварӣ, сиёсисозӣ ва таблиғотӣ кардани мавзуъ дурӣ шавад".
Эрон мегӯяд, ки ҳамлаварро боздошт карда, нисбати ӯ парванда боз шудаааст ва таҳқиқ давом дорад. Вале Эрон аз "саросемагӣ" дар ин парванда худдорӣ мекунад. Мақомоти Эрон мегӯяд, ангезаи ин ҳамла "масъалаи шахсӣ" будаааст.
Аммо Озарбойҷон таъкид мекунад, ки санаду далелҳои кофӣ барои террористӣ будани ин ҳамла вуҷуд дорад ва аз Эрон мехоҳад, ки ташкилкунандаҳои ин ҳамларо шиносоӣ ва ҷазо бидиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон чанд рӯз баъд аз ин ҳамла хоҳони маҳкумият ва муҷозоти омилони ин "ҳамлаи террористӣ" аз сӯи Эрон ва ҳамчунин иҷрои ӯҳдадориҳо бар асоси Конвенсияи Венна шуд. Мақомоти озарбойҷонӣ гуфтанд, ки "пулиси Эрон ҳеҷ иқдоме барои пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ ба сафорат анҷом надод".
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, "террористи муҷаҳҳаз ба аслиҳа ибтидо ба сафорат тирандозӣ кард, шишаи сафоратро шикаст, сипас мошини сафоратро оташ зад ва баъдан як шахси ношинос низ ба тарафи мошини террорист омад ва чизҳое аз он бардошт ва ҳамаи ин ҳақиқатҳо нишон медиҳад, ки сухан аз як иқдоми террористӣ аст".
Пулиси Теҳрон дар мавриди замоне, ки нерӯҳояш баъд аз ин ҳодиса ба маҳал расидаанд, гузорише надодааст. Аммо видеоҳои нашршуда аз сӯи ҳукумати Озарбойҷон аз дурбинҳои назоратӣ сафорат нишон медиҳад, ки фарди ҳамлакунанда бо кӯбидани мошини шахсии худ ба мошини сафорат дар пеши бино ва бо такон додани даст ба пулиси эронии назди бинои сафорат, бо "Калашников" вориди бинои он шуда, чанд дақиқа бо афсарони амниятии Ҷумҳурии Озарбойҷон даргир мешавад.
Ҳамчунин видеое аз бозгашти ӯ ба мошин, талош барои шикастани дари сафорат, рӯшан кардани коктейли Молотов барои ба оташ кашидани бино нашр шудааст. Дар ҳоле, ки дар ин ҳама муддат хабаре аз нерӯҳои интизомӣ нест.
Гуфтугӯ