Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб 20 километри дигари марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудааст. ВИДЕО


Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти гуфтугӯи Душанбе ва Бишкек дар масъалаи аломатгузории марзро шарҳ дод. Сироҷиддин Муҳриддин 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 20 километри дигари хати марзро муайян кардаанд.

Ду кишвар 30 сол аст, ки наметавонанд марзи худро пурра муайян кунанд ва ин норӯшанӣ ҳар замон боиси сар задани муноқишаҳои хунин мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, наздик ба 20 километр хати марз, ки соли гузашта мувофиқа шуд, ба ноҳияҳои Деваштич, Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон шомил мешавад.

“Дар якуним соли ахир ҷонибҳо тарҳи муайян кардани хати марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар тӯли 102 километр мушаххас карданд,”-афзуд вазири корҳои хориҷӣ.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи аломатгузории марз тақрибан ҳар моҳ дар кишварҳои ҳамдигар вохӯрӣ мекунанд. Вале ҳарду тараф ҷузъиёти созишҳои ҳосилшударо шарҳ намедиҳанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистону Қирғизистон боз 20 километри марзи муштаракро муайян кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 17-уми феврал гуфт, соли гузашта гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон ҳафт маротиба мулоқот кардаанд. Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷӣ, дар маҷмӯъ 626 километр хати марз миёну Тоҷикистону Қирғизистон таину аломатгузорӣ шудааст. Марзи ду кишвар дар умум 987 километрро ташкил кард.

“Корҳо ҷиҳати муайян кардани хати марзи давлатӣ дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ аз ду ҷониб ба таври мунтазам идома дорад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар моҳ мулоқоти гурӯҳҳои корӣ анҷом мешавад. Амалан фазои мулоқотҳо бад нест,”-таъкид намуд вазири корҳои хориҷӣ.

Ҷониби Қирғизистон дар бораи гуфтугӯи марз бо Тоҷикистон пурра ҷузъиёт намедиҳанд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон моҳи декабри соли гузашта дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ботканд гуфта буд, таъйину нишонагузории сарҳадро бо Тоҷикистон то моҳи майи соли 2023 ба поён хоҳанд расонд.

Аломатгузории марз ба яке аз масъалаҳои асосӣ миёни Душанбе ва Бишкек табдил шудааст. Солҳост, ки дар минтақаҳои муайяннашудаи марз байни сокинон ва низомиён муноқиша сар мезанад. Дар яке аз даргириҳои ахир дар моҳи сентябри соли гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ду кишвар ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ гунаҳкор карданд ва ҳеч тадқиқоти мустақилона дар ин замина анҷом нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG