Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни тарма дар ВМКБ ба 10 нафар расид. ВИДЕО 

Маҳалли ҳодиса дар Хоруғ
Маҳалли ҳодиса дар Хоруғ

Теъдоди афроде, ки дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ зери тарма ҷон додаанд, ба 10 нафар расидааст. Бими он аст, ки шумораи қурбониён бештар ҳам бошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки ҷасади як писару духтари хурдсол ва чор занро аз зери тарма берун кардаанд. Субҳ ду ҷасади дигар ёфта буданд.

Ба гуфтаи Кумита, нуҳ нафари дигар наҷот ёфтаанд.

Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф мондаанд.

Умеда Юсуфӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 15- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад.

Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

Аксҳоро инҷо бинед:

Чанд бино дар Хоруғ зери тарма монд. Ду сокин ҳалок шудааст

Тарма дар Хоруғ
1/9 Тарма дар Хоруғ
Хоруғ. Субҳи 15-уми феврал тарма чанд хонаро хароб кард.  
2/9 Хоруғ. Субҳи 15-уми феврал тарма чанд хонаро хароб кард.  
Сокинон ва мақомот ба кумаки зарардидагон омадаанд
3/9 Сокинон ва мақомот ба кумаки зарардидагон омадаанд
Ин хона пурра хароб шудааст
4/9 Ин хона пурра хароб шудааст
Нуктаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам хароб шудааст
5/9 Нуктаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам хароб шудааст
Тарма дар Хоруғ
6/9 Тарма дар Хоруғ
Ин бино аз истифода берун шудааст
7/9 Ин бино аз истифода берун шудааст
Хатари тармафароӣ ҳанӯз вуҷуд дорад
8/9 Хатари тармафароӣ ҳанӯз вуҷуд дорад
Тарма дар Хоруғ
9/9 Тарма дар Хоруғ
пешина
баъдӣ

Танҳо дар як рӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан 10 бор тарма фаромада, барои муддате ҳаракати мошинҳоро дар қитъаҳои гуногуни роҳ номумкин кард.

Як рӯз пеш дар шаҳри роҳи Хоруғ, Роштқалъа тарма мошинеро бо 10 мусофираш пахш кард. Мусофирон зинда монданд, вале ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд. Воқеа нишон дод, ки Хоруғ, пойтахти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иншооту чораҳои эҳтиётие барои пешгирӣ аз ҳамлаи баҳман ё тарма надоштааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG