Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз омадани сел дар 9 вилояти Узбекистон


Селхезӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Селхезӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Маркази обуҳавошиносии "Узгидромет" ҳушдор додааст, ки дар натиҷаи боронгариҳои сахти рӯзҳои 14-18 феврал омадани сел дар чандин вилояти Узбекистон эҳтимол дорад.

Тибқи иттилои марказ, эҳтимоли омадани сел дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхандарё, Самарқанд, Навоӣ, Ҷиззах, Намангон, Фарғона ва Тошканд вуҷуд дорад.

Аз сокинони вилоятҳои мазкур ва ронандагону мусофироне, ки ба ин минтақаҳо сафар мекунанд, даъват шудааст, то дар рӯзҳои 14-18 феврал аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

XS
SM
MD
LG