Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон ва собиқи муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар аз Тоҷикистон ва Узбекистон хостааст, ки чархболҳои ҳукумати пешинро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор диҳанд. Дӯстум афзудааст, ин чархболҳо бояд аз сӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон истифода шаванд. Ҷониби Тоҷикистон ва Узбекистон ба ин изҳороти оқои Дӯстум ҳанӯз вокуниш нишон надодаанд.
Абдурашид Дӯстум ин матлабро рӯзи шанбеи 12-уми феврал зимни ҳамоише ба муносибати бузургдошти Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки моҳи декабр дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон кушта шуд, баён дошт. Дар ин ҳамоиш, ки дар Лондон баргузор шуд, раҳбарони дигари мухолифони Толибон, аз ҷумла, Аҳмад Масъуд, Абдураб Расули Сайёф, Атомуҳаммади Нур, Абдулатиф Пидром, Муҳаммад Муҳаққиқ ва дигарон, тариқи онлайнӣ суҳбат кардаанд.
Оқои Дустум дар ин нишаст Толибонро ба қатли шуморе аз шахсиятҳо ва фармондеҳон, аз ҷумла, Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Абдулалӣ Мазорӣ, Муҳаммаддовуди Довуд ва дигарон муттаҳам кард. Ӯ ҳамчунин аз кушта шудани низомиёни ҳукумати пешин ба дасти Толибон нигаронӣ кард ва ба гирифтани "интиқом" аз ин гурӯҳи ҳоло ҳоким бар Афғонистон, даъват намуд.
Дӯстум дар ин ҳамоиш ҳамчунин аз ҳамкории Русия ва бархе аз кишварҳои минтақа бо Толибон интиқод кардааст. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, таъсиси хати оҳан аз Узбекистон ба хоки Афғонистон ва аз онҷо ба Пешовар, тарҳе аст, ки солҳо пеш дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд ва ин кор "номумкин" аст. Вай бо ҳушдор дар бораи ҷобаҷоии тундгароён дар бахшҳое аз шимоли Афғонистон гуфт, ки ин гурӯҳҳо аз ҳимояти Толибон бархӯрдоранд ва барои Осиёи Миёна хатарнок мебошанд.
Дархости маршал Дӯстум дар бораи ба ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гузоштани чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳи гузашта ҳукумати "Толибон" ҳам аз Узбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буд, ки 40 чархболро баргардонанд. Иноятулло Хоразмӣ, сухангӯи вазорати дифои ҳукумати Толибон он замон гуфта буд, ки "ба ҳукуматҳои ду кишвар борҳо муроҷиат ва баргардонии чархболҳоро хостаанд".
Сухан аз 24 чархбол ва 22 ҳавопаймо меравад, ки низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли 2021 ба Узбекистон фирор карда буданд. 18 техникаи низомии Афғонистон ба ҳамин тартиб ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Аммо мақомоти Узбекистон моҳи майи соли гузашта гуфтанд, тасмим надоранд, техникаи низомиеро, ки моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон ба ҳудуди ин кишвар ворид шудааст, ба "Толибон" баргардонанд. Исматулло Иргашев, намояндаи махсуси Узбекистон дар умури Афғонистон ба расонаҳо гуфта буд, ин техникаҳо моли Амрико ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин чархболҳо расман суҳбат накардаанд. Намояндагони Вазорати мудофиаи Амрико тасдиқ карданд, ки на Узбекистон ва на Тоҷикистон нияти баргардонии ҳавопаймоҳову чархболҳоро ба Афғонистон надоранд. Дар ҳамин ҳол, амрикоиҳо гуфтанд, то кунун тасмим нагирифтаанд, бо ин техникаҳо чӣ кор кунанд.
Гуфтугӯ