Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вагнер" аз ишғоли як деҳаи Украина гуфт, Бритониё аз талафоти сахти Русия


Аксе, ки аз деҳаи Красна Ҳора нашр кардаанд.
Аксе, ки аз деҳаи Красна Ҳора нашр кардаанд.

Муассиси гуруҳи хусусии низомии Вагнер гуфтааст, неруҳои онҳо деҳаи Красна Ҳора дар вилояти Донетски Украинаро ишғол карданд, ки дар канори шаҳри Бахмут қарор дорад. Яке аз ҳадафҳои аслии неруҳои Русия ишғоли ҳамин шаҳр аст, ки онҷо неруҳои украинӣ сахт муқовимат нишон медиҳанд.

Евгений Пригожин, рӯзи 12-уми феврал дар як паёми савтӣ дар Телеграм гуфтааст: “Имрӯз неруҳои таҳоҷумии гуруҳи хусусии низомии Вагнер Красна Ҳораро гирифтанд.”

Дар як паёми дигар дар Телеграм дар аксе размандагони Вагнер дида мешаванд, ки зоҳиран дар даромадгоҳи деҳаи Красна Ҳора ҳастанд. Радиои Озодӣ иддаои Пригожин дар бораи ишғоли деҳаро, ки пеш аз ҷанг 600 сокин дошт, таъйид карда натавонист.

Неруҳои Русия, ки бо сафарбарии зархаридони Вагнер қавитар шудаанд, шаҳри стратегии Бахмутро яке аз ҳадафҳои асосӣ барои пешравӣ дар ҷанг дар шарқи Украина интихоб кардаанд. Пригожин рӯзи 12-уми феврал қал дод, ки гуруҳи Вагнер шаҳри Бахмутро, ки дар канори чанд шоҳроҳи муҳим аст, ишғол мекунад. Ҳамлаву оташборони шаҳр моҳҳост, ки идома дорад.

Ҳукумати Украина ба ин бовар аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, пас аз шикастҳои пайдарпай мехоҳад, бо ишғоли манотиқи нав пешрафт дар майдони набардро дар остонаи яксолагии таҷовузи Русия ба Украина дар охири ҳамин нишон бидиҳад.

Евгений Пригожин рӯзи 10-уми феврал гуфт, неруҳои Русия барои муваффақ шудан дар ҷанг бояд шаҳри Бахмутро ишғол кунанд, вале ба муқовимати сахти сарбозони украинӣ дучор шудаанд. Хадамоти иттилоотии Бритониё бо арзёбии омори артиши Украина гуфтааст, ки неруҳои Русия дар ду ҳафтаи гузашта рӯзона то 820 сарбози худро талаф додаанд, ки рӯзҳои маргбортарин барои онҳо баъди оғози ҷанг дар рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ба ҳисоб меравад.

Бино ба ин арзёбӣ, сабаби талафоти зиёд дар байни неруҳои Русия, бетаҷриба будани сарбозон, ноҳамоҳангӣ, камбуди имконот аст. Хадамоти иттилоотии Бритониё дар ин замина нокомии неруҳои Русия дар Бахмутро намуна овардааст.

Артиши Украина рӯзи 12-уми феврал гузориш дод, ки дар 24 соати гузашта 11 ҳуҷуми неруҳои Русия дар вилоятҳои шарқии Луганск ва Донетскро рафъ кардаанд. Артиши Русия рӯзи 11-уми феврал гуфт, ки бо мушак ва дронҳо ба зербунёдҳои энержии Украина “зарбаҳои сахте” зада ва роҳҳои оҳан ва мошингардеро, ки барои овардани аслиҳаи ғарбӣ истифода мешуд, бастааст.

Ҳамлаҳо сабаби қатъи неруи барқ дар бисёре аз шаҳраку маҳаллаҳо шуд, ҳарчанд мақомоти Украина гуфтаанд, ки шояд дар шаҳри Киев ва вилоятҳои ҷанубӣ ва ғарбии кишвар неруи барқ қатъ нашавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG