Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Туркия 71 наҷотбахши дигар фиристод


Туркия
Туркия

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки ба Туркия як гуруҳи иловагии наҷотбахшон фиристода шудааст.

Ба иттилои вазорат, ин гуруҳ аз 71 кас иборат буда, дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Ғозиёнтеппаи Туркия кумак хоҳанд кард.

Ҳамчунин тавассути ҳавопаймое, ки маъмурони наҷот ба Туркия сафар карданд, ёрии башардӯстона фиристода шудааст.

Пештар хабар доданд, ки Узбекистон дар ду ҳавопаймо ба Туркия 100 маъмури наҷот ва кумаки башардӯстона фиристод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG