Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дувуми Зеленский ба хориҷа аз замони ҳамлаи Русия


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, барои мулоқот бо нахуствазири Бритониё Риши Сунак ба Лондон рафтааст.

Ин сафари дувуми ӯ ба хориҷа аз замони ҳамлаи бедалели Русия ба Украина аст. Қаблан Зеленский ба Амрико рафта буд.

Дафтари Сунак гуфт, Зеленский рӯзи 8-уми феврал тамрини нерӯҳои украиниро дар Бритониё дида, дар порлумон суханронӣ хоҳад кард.

Бритониё, Амрико, Олмон ва ҳампаймонҳои дигари ғарбии Украина ба фиристодани садҳо тонки ҷангӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва аслиҳаи дигари вазнин ба Украина розӣ шуданд.

“Сафари президент Зеленский ба Бритониё баёнгари далерӣ, азми қавӣ ва муборизаи кишвараш аст. ҳамчунин шаҳодати дӯстии шикастнопазири кишварҳои мо,” -- гуфт Сунак.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG