Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон эълом кард, ки як гуруҳ аз кормандони худро барои кумак ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза ба Туркия фиристодааст.
"Кормандони мо ба Ғозиёнтеппа сафар карданд. Ба ин ҳайат наҷотдиҳандагон ва табибон шомил мешаванд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии вазорат. Дақиқ гуфта нашудааст, ки аз Қазоқистон чӣ қадар корманди наҷот ба Туркия фиристода шудааст.
Мақомоти Қазоқистон пештар гуфта буданд, ки ба Туркия кормандони наҷот ва табибонро хоҳанд фиристод.
Як гуруҳ аз кормандони наҷоти Қирғизистон низ бо фармони президенти ин кишвар Содир Ҷабборов (Жапаров) озими Туркия шудаанд.
Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон 6-уми феврал гуфт, Бишкек барои кумак ба Туркия дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза 63 корманди наҷот фиристодааст.
Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки ба Туркия кумаки башардӯстона ва гуруҳе аз кормандони наҷот фиристода шавад.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, 60 корманди наҷоти ин ниҳод ба Туркия фиристода хоҳанд шуд.
Бар асари заминларзаи 7,8-дараҷаӣ дар Туркия ва Сурия беш аз 4000 кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса бомдоди 6-уми феврал рӯй дод. Мақомот гуфтанд, эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш ёбад, чун берун овардани одамон аз зери вайронаҳо ҳанӯз идома дорад.
Гуфтугӯ