Ширкати вобаста ба Тимур Қулибоев, домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев заминҳои пешини давлатиро дар минтақаҳои маъруфи шаҳри Алмато соҳиб шудааст.
Ин нукта дар як таҳқиқоти бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта шудааст.
Бино ба маълумоти рӯзноманигорон, дар пушти қароргоҳе, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ дар Алмато осеб дидааст, 3,8 ҳектар замин аст. Дар онҷо қаблан бемористони низомӣ буд ва ҳоло ин замин ба ширкати "Достик Строй" тааллуқ дорад. Ширкат бояд дар ин замин бар ивази 23 миллион доллари амрикоӣ бемористони нави низомӣ месохт.
Дар Вазорати дифои Қазоқистон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, он замин нахуст ба ихтиёри давлат гузашт ва моҳи ноябри соли 2013 онро як ширкати хусусӣ соҳиб шуд. Зери санади хусусӣ шудани замин сарвазири вақти Қазоқистон Серик Ахметов имзо гузоштааст.
Ширкати Қулибоев як замини марбут ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобиро низ соҳиб шудааст.
Кумитаи давлатии идораи заминҳои Қазоқистон моҳи августи соли 2020-ум 0,8 ҳектар заминро ба донишгоҳ баргардондааст, вале ширкат аз болои он шикоят кардааст.
Тимур Қулибоев шавҳари Динора Назарбоева аст. "Forbes"-и Қазоқистон соли 2022 дороиҳои ҷуфтро 7,6 миллиард доллар арзёбӣ карда буд.
Гуфтугӯ