Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо Paris Grand Slam 2023 бе варзишгарони тоҷик мегузарад


Рӯзҳои 4-5-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис мусобиқаи байналмилалии ҷудо Paris Grand Slam 2023 баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Paris Grand Slam 2023 иштироки 527 варзишгар (320 мард ва 207 зан) аз 85 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст. Вале дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ ин дафъа варзишгарони тоҷик иштирок намекунанд.

Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин мусобиқа варзишгарони чаҳор кишвар – Қазоқистон (14 мард ва 14 зан), Туркманистон (6 мард ва 4 зан, Узбекистон (7 мард) ва Қирғизистон (6 мард) – ширкат меварзанд.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ дар Paris Grand Slam 2023 мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 5000 евро, барои ҷойи 2-юм - 3000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-евроӣ.

Ёдовар мешавем, соли 2021 дар Paris Grand Slam Тоҷикистонро танҳо Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ карда буд. Ӯ дар вазни то 73 кило мақоми панҷумро касб намуд. Сомон баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Испания ва Озарбойҷон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале ӯ дар нимфинал аз рақиби фаронсавиаш Тео Рикуин мағлуб шуд ва баъдан барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Александру Райку аз Руминия бохт.

Соли гузашта бошад, Комроншоҳи Устопириён дар Paris Grand Slam 2022 танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Аммо ӯ дар вазни то 90 кило аввалин қувваозмоиашро ба Кристиан Парлати аз Италия бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рӯзҳои 11-12-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни бузургсолон баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати шомил шудан ба дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон доир мегардад, 250 варзишгар (230 мард ва 20 зан) дар ҳайати ҳафт даста аз ҳамаи манотиқи кишвар иштирок хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG