Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чандин куштаву захмӣ дар ҳамлаи Русия ба Краматорск


Краматорск
Краматорск

Як мушаки Русия шаби гузашта ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази шаҳри Краматорски Украина бархӯрда, камаш 3 нафарро куштааст. Дар ин ҳодиса 25 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Краматорск зери назорати Украина ва дар канори шаҳри Баҳмут ҷойгир аст. Ин минтақа мавриди ҳамлаҳои пайвастаи нерӯҳои Русия мебошад.

Намояндаи идораи низомии вилояти Донестки Украина Павло Кириленко мегӯяд, амалиёти наҷот идома дорад, зеро ба эҳтимоли зиёд дар зери вайронаҳо одамон мондаанд.

Полиси вилояти Донетск гузориш дод, ки аз оташи мушаки "Искандар-К"-и нерӯҳои Русия ҳашт бинои истиқоматӣ зиён дид.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳамлаи мушакиро ба Краматорск маҳкум кард. Русия дар ин бора шарҳе надод

Бар пояи маълумоти СММ, то миёнаҳои моҳи январ дар ҷангҳои Украина беш аз 7 ҳазор нафари мулкӣ, аз ҷумла 400 кӯдак кушта шуд. Таъкид шудааст, ки ин омори ҳолатҳои сабтшуда аст ва шояд шумораи қурбониҳои осоиштаи низоъ дар Украина ба маротиб бештар бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG