Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муносибат печида нашавад." Тоҷикистон 6 аспро ба Қирғизистон баргардонд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаш аспе, ки аз Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон гузаштаанд, ба соҳибонашон бозгардонида шуданд. Мақомоти интизомии ноҳия гуфтанд, воқеа на ҳуҷҷатгузорӣ шуд, на расонаӣ.

Рӯзи якуми феврал дар нишасти хабарӣ дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, моликони чорво аз шаҳри Исфанаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон буданд.

Юсуф Ҳакимзода, сардори идораи Ҳифзи тартиботи иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар шарҳи қазия гуфт, "ҳамдигарфаҳмӣ кардем, ки боз муносибати Тоҷикистону Қирғизистон печидатар нагардад."

Расонаҳои Қирғизистон то ин дам дар ин бора маълумот нашр накардаанд. Аз ин пештар, дар нимаи моҳи январ, ҷониби Тоҷикистон 427 қутоси сокинони Қирғизистонро, ки ба тарафи Тоҷикистон гузашта буданд, ба соҳибонаш баргардонд. Дар ин бора ҷониби Қирғизистон расман иттилоъ дода буд.

Масъулони интизомии ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯянд, дар охири соли гузашта ба зидди як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ин ноҳия оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд аст, барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марз парванда боз намуданд. Баъдан тибқи муқаррарот боз ба кишвараш ихроҷ гардидааст. Мақомот дар бораи ин шахс ҷузъиёт надоданд.

Ҳакимзода афзуд, "ҳоло бо ҷониби Қирғизистон муносибати хуб дорем, фақат барои равуои шаҳрвандони ду ҷониб иҷозат нест. Муаммо фақат дар гузаргоҳҳои Маданият ва Қурғонча баъзан мешавад, вале дар роҳҳои асосии муштарак ягон мушкилӣ нест”.

Видео дар инҷост:

Тоҷикистон шаш аспро ба Қирғизистон баргардонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Чанд деҳаи ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон бо Қирғизистон марз доранд.

Дар ҳодисаи моҳи сентябри соли 2022 як сокини Ҷаббор Расулов ва шаш нафар низомии минтақа ба ҳалокат расиданд.

Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, бо ҳамтоёни қирғизистонияш “робитаи мустақим” дорад ва барои ҳалли баҳсҳо сари вақт дар тамос мешаванд. Вай афзуд: “Бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар атрофи деҳаи Қурғонча тақрибан 10 гектар замини баҳсӣ дорем. Ба зудӣ ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт”.

Ба гуфтаи тарафҳо, то ҳол зиёда аз 600 километр ё ҳафтод дарсади хати сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон маълум шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр хати марз доранд ва номауайянии бахше аз сарҳад ва даъвоҳои ду тараф бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ боис ба даргирӣ мешавад.

Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд. Гурӯҳҳои ҳукуматии ҷойнигории Тоҷикистону Қирғизистон дафъаи охир дар нимаи моҳи январ дар шаҳри Душанбе вохӯрданд. Дипломатҳои Қирғизистон бо нашри изҳорот гуфтанд, кори кумисюн “бо суръати баланд” пеш меравад. Дар Тоҷикистон ба ин изҳорот вокунише накарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG