Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз ва қатли духтари 12-сола дар Тошканд


Дар ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 31-уми январ ҷасади духтари 12-солаеро бо нишонаҳои таҷовуз ва марги маҷбурӣ ёфтанд.

Додситонии ноҳияи мазкур дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои додситонӣ, марди 29-солае ҳамчун гумонзад ба содир кардани ин ҷиноят боздошт шуд. Ӯ соли гузашта дар манзили волидони духтари кушташуда ба ҳайси усто кор кардааст.

Духтари 12-сола рӯзи 31-уми январ аз мактаб баромада, аммо то хонаашон нарасидааст. Бегоҳи он рӯз ҷасади ӯро пайдо карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG