Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аз узвият дар Cенат ҳам маҳрум шуд


Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев
Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев

Кумисюни марказии интихоботии Узбекистон 30-юми январ собиқ шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро аз рӯйхати аъзои Сенати порлумони он кишвар хориҷ кард.

Бино ба хабарҳо, ин қарор ба далели қатъи пеш аз муҳлати мандати вакилии Ортиқхоҷаев дар маҷлиси шаҳрии Тошканд қабул карда шудааст.

Маҷлиси Тошканд рӯзи 27-уми январ мандати вакилии Ортиқхоҷаевро пеш аз муҳлат бекор кард.

Маркази матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 16-уми январ хабар дод, ки Ортиқхоҷаев "барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон" аз мансаб ронда шуд.

Ба ҷойи ӯ Бахтиёр Раҳмонов, муовини аввали шаҳрдорро иҷрокунандаи вазифаи раис гузоштанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақомоти додситонӣ дастур додааст, ки фаъолияти шаҳрдории Тошкандро санҷад.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дар моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG