Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Туркия


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бозии сеюми санҷишӣ баргузор кард.

Рақиби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пешсафи лигаи аввали Полша – бошгоҳи LKS (Клуби варзишии Лодз) буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 26-ум Ҳамадонӣ Камолов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, кушод. Дар ибтидои нимаи дуюми дидор Петр Янчукович ҳисобро баробар кард.

Қаблан дар доираи ин ҷамъомад аввалин бозии санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (U-20) бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфта буд. Бозии дуюми санҷишӣ бо дастаи «Бухоро», ки дар Суперлигаи Узбекистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов, дастпарвари футболи тоҷик, ҳунарнамоӣ мекунад, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи бухороиҳо анҷом пазируфт.

То охири ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) боз чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Бозиҳои санҷишӣ

Тоҷикистон (U-20) – Ироқ (U-20) – 0:0

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Суҳробхуҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Ҳамадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода.

23-юми январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Закӣ Демирчӣ».

Тоҷикистон (U-20) – «Бухоро» (Узбекистон) – 1:3

Голи Тоҷикистон: Суннатулло Азизов.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Суҳробхуҷа Юсупов, Асадбек Зиёзода, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Кабир Салимшоев, Салоҳиддин Эргашев, Ҳамадонӣ Камолов, Фаридун Давлатов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода.

27-уми январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».

Тоҷикистон (U-20) – ЛКС (Лаҳистон) – 1:1

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 26 (1:0). Петр Янчукович, 47 (1:1).

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Суҳробхуҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Азизбек Ҳаитов, Салоҳиддин Эргашев, Ҳамадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Суннатулло Азизов.

31-уми январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG