Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Урумчӣ кай барқарор мешавад?


Парвози мустақими ҳавопаймоҳо дар хатсайри "Душанбе-Урумчи" аз рӯзи 8-уми феврал оғоз мешавад. Ин парвозҳо се сол пеш дар пайи хуруҷи бемории COVID-19 қатъ шуда буд.

Абдуқосим Валиев, мудири умумии ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, парвозҳо дар самти “Душанбе-Урумчи” ҳафтае ду бор анҷом мешавад. Ба гуфтаи ӯ, як парвоз аз тарафи "Сомон Эйр" ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом мешавад.

Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар ин нишаст гуфт, "яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳалли худро наёфта истодааст, ин кушодани хати аэронавигатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бинобар сабаби набудани роҳи ҳавоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвари ҳамсоя парвозҳоро тавассути фазои ҳавоии Қирғизистон иҷро менамоянд".

Сафарзода дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар масъалаи истифода аз фазои ҳавоии Қирғизистон барои сафар ба Чин "ягон мушкилӣ нест" ва танҳо мехоҳанд бо кушодани хати нави ҳавоӣ, масирро кутоҳтар кунанд.

Парвозҳо дар самти "Душанбе-Урумчи" баъд аз он фаъол мешавад, ки Чин маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро бекор кард. Боз шудани ин масирро пеш аз ҳама соҳибкорон мунтазиранд. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, ҳоло ба Чин тариқи Русия сафар мекунанд, ки хароҷоташ зиёдтар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG