Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2023 сеюм шуд


Дастаи мунтахаби миллии занонаи футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мустафо Афшорӣ, мутахассиси эронӣ, дар дувумин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023, ки рӯзҳои 27-30-юми январ дар Тошканд баргузор шуд, барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дувумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона чаҳор тими миллӣ - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон – иштирок карданд.

Мунтахаби Эрон, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо касби нӯҳ имтиёз ғолиби мусобиқа гардида, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мукофотонида шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи мизбон - мунтахаби Узбекистон (6 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷиро мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз гирифт.

Дастаи Тоҷикистон дар ду бозӣ аз тимҳои Узбекистон бо ҳисоби 1:7 ва Эрон бо ҳисоби 0:16 шикаст хӯрда, бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи қаҳрамонии CAFА-2023 мунтахаби Тоҷикистон бо ҷоизаи "Бозии ҷавонмардона"("Fair Play") сарфароз гашт. Ҷоизаи вижа ба дастаи Қирғизистон супурда шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Соро Ширбегӣ аз тими Эрон эҳдо гардид, ки ҳафт гол задааст. Ҷоизаи "Беҳтарин бозигари мусобиқа", чун соли гузашта, насиби Фаришта Каримӣ аз мунтахаби Эрон гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдонӣ – дохил буданд:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Некӯбахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода («Хатлон»), Комила Расулова (Мактаби махсуси захираҳои олимпии №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Сармураббӣ Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 миёни дастаҳои мунтахаби занона оид ба футзал, Тошканд-2023

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 1:7

Голи Тоҷикистон: Мадина Фозилова.

Эрон – Қирғизистон – 5:0

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Эрон – 0:16

Қирғизистон – Узбекистон – 1:6

Даври 3-юм

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:4

Голҳои Тоҷикистон: Карина Мирзоева (2), Ҷонона Қурбонова, Некӯбахт Худододова.

Узбекистон – Эрон – 4:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

26-4

9

2

Узбекистон

3

2

0

1

17-7

6

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

5-25

3

4

Қирғизистон

3

0

0

3

3-15

0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG