Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон оид ба гуштӣ маълум шуданд


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 260 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд.

Мусобиқот тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) аз рӯи 20 вазн (10 вазн оид ба гуштии озод ва 10 вазн оид ба гуштии юнонию румӣ) сурат гирифт.

Дар рақобатҳо оид ба гуштии озод нӯҳ нафар аз Душанбе ва як нафар аз вилояти Суғд ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи гуштии юнонию румӣ бошад, шаш варзишгар аз Душанбе ва чаҳор намояндаи вилояти Суғд пирӯзӣ ба даст оварданд.

Зимнан, рақобати гуштигиронро меҳмони фахрии мусобиқот, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов, ки ба Душанбе омадааст, назорат кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ

Гуштии озод

-57 кг
1. Ҳикматулло Воҳидов (Душанбе)
2. Суннатулло Бобоев (Душанбе)
3. Қаюмҷон Ҳалимов (Душанбе)
3. Ҳусейн Маликов (Душанбе)

-61 кг
1. Муҳаммад Икромов (Душанбе)
2. Муҳаммад Наимов (Душанбе)
3. Фаррух Зоиров (Хатлон)
3. Рустам Иброҳимов (Суғд)

-65 кг
1. Абдулмаҷид Кудиев (Душанбе)
2. Фотеҳҷон Олимов (Суғд)
3. Ҷамшед Шарифов (Душанбе)
3. Аҳрор Ёрмуҳаммадов (Душанбе)

-70 кг
1. Мустафо Аҳмадов (Душанбе)
2. Комрон Холов (Душанбе)
3. Муборак Қурбонбеков (ВМКБ)
3. Саидалӣ Холов (Душанбе)

-74 кг
1. Магамет Евлоев (Душанбе)
2. Мадасан Ашрафхонов (Душанбе)
3. Масъуд Давронов (Душанбе)
3. Мусо Эмомов (Душанбе)

-79 кг
1. Сомонҷон Икромов (Душанбе)
2. Муҳаммадалӣ Абдуллоев (Душанбе)
3. Асрор Мирхоҷаев (Душанбе)
3. Пулодҷон Бурҳонов (Суғд)

-86 кг
1. Салимҷон Ҳалимзода (Душанбе)
2. Абдубашир Бобохонов (Душанбе)
3. Шерзод Музаффаров (Душанбе)
3. Шуҳрат Бозоров (Душанбе)

-92 кг
1. Маҳмадҷон Ализода (Суғд)
2. Беҳрӯз Одинаев (Душанбе)
3. Тутиё Карамхудоев (ВМКБ)
3. Наврӯз Назиров (ВМКБ)

-97 кг
1. Раҳмон Маҳмадбеков (Душанбе)
2. Мақсад Мансуров (Суғд)
3. Амирҷон Сангов (Душанбе)
3. Сафар Маҳмадалиев (Хатлон)

-125 кг
1. Фарҳод Анақулов (Душанбе)
2. Файзи Файззода (Душанбе)
3. Илҳомхуҷа Мирзохуҷаев (Хатлон)
3. Комрон Маҳмадалиев (Душанбе)

Гуштии юнонию румӣ

-55 кг
1. Нодир Сангов (Душанбе)
2. Фаридун Тиллоев (Хатлон-2)
3. Суҳроб Алимов (Душанбе)
3. Сомон Бозоров (Хатлон-2)

-60 кг
1. Асламҷон Азизов (Душанбе)
2. Абдураҳмон Ҳасанов (Душанбе)
3. Фирӯзҷон Шарипов (Хатлон-2)
3. Абубакр Раҳматов (Хатлон-2)

-63 кг
1. Муҳаммад Нурализода (Душанбе)
2. Шоҳрух Маҳкамов (Душанбе)
3. Алиҷон Раҳимов (Хатлон-2)
3. Муҳаммад Ҳақдодов (Душанбе)

-67 кг
1. Фирӯз Мирзорҷабов (Душанбе)
2. Суннатулло Абдуллоев (Душанбе)
3. Амирҳамза Умаров (Душанбе)
3. Мубинҷон Аҳмадов (Душанбе)

-72 кг
1. Шероз Очилов (Суғд)
2. Исоҷон Нураҳмадзода (Душанбе)
3. Анӯшервон Ҳусейнзода (Душанбе)
3. Алишер Рӯзиматов (Душанбе)

-77 кг
1. Ҷасур Аюбов (Суғд)
2. Азизбек Шарифзода (Душанбе)
3. Муслиҳиддин Уроқов (Душанбе)
3. Абдуллоҷон Куганов (Хатлон)

-82 кг
1. Ҳабибҷон Зуҳуров (Душанбе)
2. Азизҷон Абдулҳаев (Душанбе)
3. Суҳроб Ҳоҷиев (Суғд)
3. Ҷасурбек Раҳматов (Душанбе)

-87 кг
1. Саидҷаъфар Ёрзода (Душанбе)
2. Саид Асламов (Душанбе)
3. Беҳрӯз Одинаев (Душанбе)
3. Ҳасанҷон Исломов (Суғд)

-97 кг
1. Беҳрӯз Тӯйчиев (Суғд)
2. Азизҷон Зарипов (Душанбе)
3. Мустафо Каримов (Душанбе)
3. Наврӯз Маҳкамов (Суғд)

-130 кг
1. Амирҷон Ҷӯраев (Суғд)
2. Шарифҷон Назриев (Душанбе)
3. Давлатҷон Назриев (Хатлон)
3. Наврӯзҷон Исломов (Суғд)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG