Пас аз нашри наворҳои лаҳзаи боздошти Тайра Николс, дар шаҳри Мемфисе ИМА аз ҷониби пулис ҳазорон нафар даст ба эътироз заданд.
Ин амрикоии африқоиасл рӯзи 7-уми январ ҳангоми боздошти пулис ба ҳалокат расид. Кормандони пулис ӯро дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ муттаҳам мекарданд, вале ҳоло тафтишот гуфтааст, ки Тайра Николс ҳеч қоидаеро нақз накарда буд.
Панҷ корманди пулис бо гумони даст доштан дар қатли ӯ боздошт шудаанд. Ҷо Байден, президенти ИМА аз хонаводаи Тайра Николс узр пурсид.
Дар наворе, ки рӯзи 28-уми январ нашр шуд, дида мешавад, ки чӣ тавр кормандони пулис Тайра Николсро латтукӯб мекунанд. Дар навор ӯ “модар” гуфта, дод мезанад, вале ба сару рӯяш бо мушту лагад кормандони пулис мезананд. Дубор сари ӯро ба бетонӣ роҳ мезананд, замоне ки дасти ӯ бо завлона бастааст. Дар ин лаҳза ягон афсар талоши кумак кардан ба ӯро намекунад.
Ҳазорон амрикоӣ даст ба эътироз задаанд ва қарор аст, дар шаҳрҳои дигари ИМА низ тазоҳурот идома кунад.
Модари Тайра Николс, ки навори лаҳзаи боздошти писарашро тамошо накардааст, аз эътирозгарон хост, “оромӣ ва субот”-ро риоя кунанд.
Ҷо Байден, президенти ИМА ҳам гуфт, даъвати хонаводаи Тайра Николсро дастгирӣ мекунад ва аз сокинон хост, оромона эътироз кунанд.
Соли 2020 марги Ҷорҷ Флойд, амрикоии африқоиасл ҳангоми боздошти кормандони пулис, эътирозҳои бузургеро дар Амрико ба бор оварда буд.