Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як наврасро дар Душанбе ба қатли ҳамсолаш гунаҳкор карданд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум кард. Хонандаи синфи 8-ум бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, “авбошӣ ва куштор”, гунаҳкор шинохта шудааст.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодиса дар пайи як муноқишаи гурӯҳӣ байни хонандагони синфҳои 8 ва 9 -и як мактаби ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳам як муассисаи таълимии шаҳри Душанбе сар задааст.

Занозании хонандагон дар рӯйи пули дарёи Элок, дар ноҳияи Рӯдакӣ, сурат гирифта, бо кордкашӣ анҷом ёфтааст. Додситонии кулл рӯзи 27 - уми январ дар хабарномае навишт, занозанӣ байни наврасон тобистони соли гузашта рух дода, ҳукми навраси гумонбар рӯз 10- уми январ эълон шудааст.

Дар ин занозани Колдашев АА, хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 15-и ноҳияи Рудакӣ аз зарби корд дар қафаси синааш ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Додгоҳи олӣ навраси гумонбар ба 11 соли зиндон "бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ" маҳкум карда шуд. Назари наздикони наврас дастрас нест.

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чандин хонандаи мактаб шудааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд.

Мақомот дар гузашта гуфтанд, барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо маъракаи тафтиши мактабҳо ва ҷустуҷӯю дарёфти корд аз хонандагонро ба роҳ монда, дар мактабҳо муҳофиз гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG