Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозие дар Байтулмуқаддас 7 кас кушта шуд


Ҳамла ба Байтулмуқаддас
Ҳамла ба Байтулмуқаддас

Дар як ҳамла, дар Байтулмуқаддас тақрибан 7 нафар кушта ва 10 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса шоми 27- январ дар ибодатгоҳ ё каниса дар минтақаи Неве- Яаков рух додааст.

Бино ба навиштаи нашрияи "Jerusalem Post” ҳангоми берун шудан аз каниса як шахси номаълум ба сӯйи одамон тир кӯшодааст.

Ҳамлагар сокини 21 солаи маҳаллаи фаластиннишини Байтулмуқаддас буда, дар як тирпаронӣ аз сӯйи пулис кушта шудааст. Як фарзияи мақомот ин аст, ки ӯ ба гурӯҳи "Ҳамос" наздик буд.

Пулис ин амалро яке аз даҳшатноктарин ҳамлаҳои террористӣ дар чанд соли ахир номид. Ба иттилои Яков Шабтай, раҳбари пулис, ҳамлагар “Ҳар касеро, ки аз сари роҳаш мебаромад, мепаронд. Ӯ аз дохили мошин ва аз фосилаи наздик тир мекушод”

Тахмин меравад, ки ин интиқом ва посух ба ҳамлаи мушакӣ ба артиши Исроил буд, ки дар шаби 27 уми январ сурат гирифт. Ин ҳамла дар пайи тирпаронии фаластиниҳо рух дода буд.

Баъд аз як рейд ё амалиёти мақомоти марзбонӣ ва амнияти Исроил дар лагери паноҳандаҳо, дар шаҳри Ҷанин ду ҷониб ба сӯйи ҳамдигар мушак ҳаво доданд.

Ҷониби Исроил иддао дорад, ки ҳадафи рейд ҷустуҷӯи аъзоёни гурӯҳи тундрави “Ҷиҳоди исломӣ” буд, ки нақшаи як ҳамларо тарҳрезӣ доштанд. Мақомоти Фаластин мегӯяд, дар пайи тирпаронӣ 11 нафар аз ҷумла, як зан ҳам буд.

Таниши вазъ дар ҳолест, ки сафари вазири хориҷии Амрико, Энтонӣ Блинкен ба Ховари Миёна оғоз мешавад. Котиби давлатии Амрико тасмим дорад аз Миср, Исроил ва соҳили ғарбии дарёи Урдун боздид кунад.

XS
SM
MD
LG