Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"80%-и аҳолии Чин ба вируси COVID-19 гирифтор ҳастанд"


Фурудгоҳе дар Чин дар остонаи соли нави қамарӣ
Фурудгоҳе дар Чин дар остонаи соли нави қамарӣ

Як мутахассиси аршади Чин гуфт, эҳтимоли дар ду ё се моҳи оянда омадани мавҷи нави COVID-19 дар саросари ин кишвар воқеӣ нест. "Ҳоло аллакай 80 дарсади аҳолӣ ба ин вирус олуда ҳастанд," == афзуд ӯ.

Ву Зуню, мутахассиси Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин, дар як ҷаласаи онлайн гуфт, бо фарорасии соли нави қамарӣ дар ин кишвар ва таҷлили он хатари афзоиши вируси COVID-19 вуҷуд дорад.

Вале, ба гуфтаи ӯ, агар ҳам дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳолатҳои гирифторӣ афзоиш ёбад, мавҷи дуюми беморӣ ба ин наздикиҳо таҳдид намекунад.

Дар мавсими соли нав дар Чин, ки 22-юми январ шуруъ шуда, беш аз ду ҳафта давом мекунад, бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар барои дидор бо наздиконашон ба сафар мебароянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG