Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: Бародари вакили зиндониро дар Хатлон муҳокима кардаанд


Саиднуриддин Шамсиддинов
Саиднуриддин Шамсиддинов

Бародари вакили мудофеи зиндонӣ Саиднуриддин Шамсиддиновро дар вилояти Хатлон дар ғиёбаш ба чаҳор соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, Баҳоваддин Шамсиддинов ба чанд ҷурм, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмони дар кишвар мамнӯи "Гурӯҳи 24" айбдор шудааст.

Як масъули Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бе зикри номаш рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "додситон ба ӯ даҳ сол зиндон хост, аммо додрас чаҳор сол дод." Муҳокима паси дарҳои баста ҷараён гирифтааст.

"Бо айни ҷурмҳое, ки ба гардани бародарамон, Саиднуриддин Шамсиддинов, зада буданд, зидди Баҳоваддин ҳам парванда боз карданд. Мақомот қасд гирифтанд. Ӯ барои бегуноҳии бародарамон ва ба озодӣ баромаданаш кӯшиш дошт, на чизи дигар," -- гуфт яке аз хешовандони Баҳоваддин Шамсиддинов бе зикри номаш.

Дар ҳамин ҳол, ҷунбиши дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ҳамагуна ҳамкориро бо Баҳоваддин Шамсиддинов рад кард. Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи созмон, рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар дар куҷое чизе гуфта, ин назари шахсияш аст."

"Ҳар шаҳрванд ҳаққи ибрози андеша дорад. Касе аз камбудӣ гуфт, маънои онро надорад, ки узви "Гурӯҳи 24" аст ва ё бо мо ҳамкорӣ мекунад. Камбудӣ ва ноадолатӣ дар Тоҷикистон зиёд аст. Ҳар касе камбудиро гуфт, набояд зиндонӣ шавад. Ҳукумат аз паси ҳалли нуқсҳо шавад, на дар пайи паси панҷара афкандани мардум," – илова кард ӯ.

Бародараш Саиднуриддин Шамсиддинов дар оғози соли 2021 ба гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дар охири ҳамон сол ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" муттаҳам дониста, ба ҳукмаш ҳашт моҳи дигар изофа карданд. Худашу пайвандонаш ҳамагуна иттиҳомро рад мекунанд.

То замони боздошт, Шамсиддинов маъмури иҷрои амрҳои додгоҳ дар Хатлон буд. Ӯ дар соли 2017 тарки вазифа кард ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва бештар бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо ва "говсуд шудан"-и мардум шикоят мекард.

Пештар гуфта буд, ки баъди як муроҷиаташ ба сомонаи президенти Тоҷикистон, масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро "чап гирифтанд" ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам карданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”. Додситону додраси парванда борҳо ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

Ин хабар рӯзи 10 феврал ислоҳ ва пурра карда шуд. Ошкор гашт, ки Баҳоваддин Шамсиддинов боздошт нашуда ва дар муҳокима ширкат надоштааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, муҳокима паси дарҳои баста баргузор шудааст, зеро парванда муҳри махфӣ доштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG