Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон фаъолони қазоқистониро озод кард


Асхат Жексебоев ва Диана Баймагамбетова.
Асхат Жексебоев ва Диана Баймагамбетова.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек 16-уми январ фаъолони мадании қазоқистонӣ Асхат Жексебоев ва Диана Баймагамбетоваро аз ҳабс озод кард.

Додрас қарор карда, ки парвандаи убури ғайриқонунии марз зидди онҳо ба далели дархости паноҳандагияшон аз мақомоти Қирғизистон қатъ карда шавад.

"Бо ин асос моро озод карданд. Мо мақоми паноҳандагӣ дархост кардем. Бубинем, акнун чи мешавад", - изҳор дошт Жексебоев.

Асхат Жексебоеви 50-сола ва Диана Баймагамбетоваи 30-сола бо айби узвият дар созмонҳову ҳаракатҳои мамнуъ дар моҳи октябри соли 2021 зиндонӣ шуда буданд. Онҳо шартан пеш аз муҳлат, дар моҳи майи соли ҷорӣ аз зиндон озод гаштанд.

Фаъолони қазоқистонӣ марзи кишвари худ бо Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур карда, бо дархости паноҳандагии сиёсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат карданд. Зидди онҳо бо айби убури ғайриқонунии марз парванда боз ва додгоҳ рӯзи 30 октябри соли гузашта қарори ҳабси пешакии онҳоро содир кард.

XS
SM
MD
LG