Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷое барои зистан надоранд, дар ҳамин ҷо мемиранд" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Издиҳоми нашъамандон дар вилояти Нимрӯз, ҷанубу ғарби Афғонистон, аз афзоиши шумораи муътодон ва тиҷорати маводи мухаддир дар ин кишвар дарак медиҳад. Бо омадани Толибон ба сари қудрат дар соли 2021, ёриҳои байнулмилалӣ барои мубориза бо нашъамандӣ дар Афғонистон бас шуд.

Нашъамандӣ дар Афғонистон мушкили нав нест, аммо ҳоло вазъ дар ин кишвар аз пешина бадтар шуда. Бино ба омори Созмони Милали Муттаҳид 4 миллион афғонистонӣ вобастаи маводи мухаддиранд. Аз ҷумла, 12 ҳазор сокини вилояти Нимрӯз.

Симои 22-сола аз Нимрӯз шаш сол боз гирифтор аст. Мегӯяд, кӯшиши ӯ барои раҳоӣ аз ин вобастагӣ бенатиҷа буд: "Зани бародарам ва чанд нафари дигар дар оилаамон муътод буданд. Ҳар вақте бемор мешудам ё худро бад ҳис мекардаму аз онҳо ёрӣ мехостам, ба ман каме нашъа медоданду мегуфтанд, дуд бидеҳ. Ҳамин хел оҳиста-оҳиста ба ҳамин дард оғӯшта шудам."

Марказҳои муолиҷаи нашъамандон танҳо каме ёрии тиббӣ ва машваратӣ мерасонанд. Онҳо ҳоло кати хобу хидматрасониҳои дигар пешниҳод намекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Шумораи муътодон дар Афғонистон афзудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Афғонистон тавлидкунандаи бузургтарини афюн дар ҷаҳон аст. Аксаран маводи мухаддир маҳз аз ин кишвар ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад. Толибонро барои муносибати бераҳмона бо нашъамандон ва нигаҳдории онҳо дар зиндон ё марказҳои махсус танқид мекунанд.

Дар Нимрӯз аксар муътодон ҷойи зист надоранд ва дар сармо ба хатари марг рӯ ба рӯ шудаанд. Ҷон Муҳаммад, яке аз гирифторон, мегӯяд, "ба хона рафта наметавонам. Аъзои оила маро ҷанг мекунанд. Ҳама бадбахтиҳо аз худи мо одамон аст."

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, аксар нашъамандон, онҳое ҳастанд, ки ба Эрон фирор карда буданд, вале дубора ба Афғонистон ронда шуданд. Шаҳри Заранж дар сарҳади Афғонистон бо Эрон ҷойгир аст.

Гул Муҳаммад Қудрат, сардори пулиси Толибон, гуфт, "аксари онҳо аз хориҷ омадаанд. Ҷое барои зистан надоранд ва бинобар ин дар марказ зиндагӣ мекунанд. Бархе ҳатто дар ҳамин ҷо мефавтанд. Онҳо хона надоранд."

Кумакҳои байнулмилалӣ барои мубориза бо нашъамандӣ дар Афғонистон аз соли 2021 бас шудааст. Танҳо як қисми ками марказҳои дармонбахшӣ фаъолият доранд, ки ба теъдоде аз занону кудакон мадад мерасонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG