Толибон дар идомаи вайрон кардани муҷассама ва дигар осори миллӣ ва фарҳангӣ дар Афғонистон, ин бор "Муҷассамаи аспҳо"-ро дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, тахриб карданд. Наворе, ки рӯзи шанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, афтодани "Муҷассамаи аспҳо"-ро дар чорроҳаи "Комгор"-и шаҳри Мазори Шариф нишон медиҳад.
Муҷассамаҳои чанд асп ва аспсаворон дар чаҳорроҳии "Комгор"-и шаҳри Мазори Шариф, ки чанд сол пеш ва дар даврони раҳбарии Атомуҳаммади Нур бар вилояти Балх сохта шуда буд, рамзе аз бозии гурӯҳии суннатии бузкаширо нишон медод. Бузкашӣ дар миёни қавмҳои шимоли Афғонистон аз даврони гузашта ба мерос мондааст.
Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх, дар вокуниш ба вайрон кардани ин намодҳои фарҳангӣ хитоб ба Толибон дар саҳифааш дар "Фейсбук" навиштааст, "шумо, наметавонед ё намехоҳед обод кунед, беҳтар аст вайрон ҳам накунед". Вай дар идома гуфтааст, "хотираи вайронгарони таърихро дар Балх зинда накунед".
Шуморе аз огоҳони масоили фарҳангӣ ин иқдоми Толибонро оғози як барнома ба ҳадафи аз байн бурдани осори таърихӣ ва арзишҳои Афғонистон қаламдод мекунанд.
Теъдоде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ тахриби муҷассамаҳои аспсаворонро дар шаҳри Мазори Шариф накуҳиш кардаанд. Ин корбарон бо интиқод аз кори Толибон гуфтаанд, бояд ба арзишҳои фарҳангии мардуми Афғонистон эҳтиром гузошта шавад. Онҳо тахриби муҷассамаҳоро, ки ба гуфтаи онҳо ба маҳал зебоӣ бахшида буд, душмании ошкор бо мардуми ин кишвар хондаанд.
Яке аз сокинони шаҳри Мазори Шариф, ки бинобар мушкилоти амниятӣ нахост, номаш ошкор шавад, бо фиристодани паёме ба Радиои Озодӣ гуфт, "гурӯҳи ҳоким дар Балх бо вайрон кардани "Муҷассамаи аспҳо" собит кард, ки ҳеч эҳтироме ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ надоранд ва собит шуд, ки Толибон аз давраи аввалашон ҳеҷ тағйире накардаанд".
Ҳуқумати Толибон дар ҳоле даст ба тахриби "Муҷассамаи аспҳо" зад, ки дар давраи аввали ҳокимияти Толибон бар Афғонистон мусобиқаҳои бузкашӣ дар ин кишвар манъ шуда буд.
Раёсати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Балх далели вайрон кардани ин муҷассамаҳоро тасмими ширкати "Комгор" дар ҳамоҳангӣ бо шаҳрдории шаҳри Мазори Шариф ба ҳадафи тағйири симои ин чорроҳа мехонад.
Атомуҳаммад Соҳу, раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Балх, бо фиристодани паёмӣ хаттӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, тахриби ин муҷассамаҳо сабаби дигар надорад. Радиои Озодӣ талош кард, назари ширкати "Комгор"-ро ба даст биёрад, аммо муваффақ нашуд.
Гурӯҳи тундрави Толибон, ки аз шариати исломӣ бардоштҳои сахтгирона дорад, сохтани муҷассамаҳоро мухолифи дин медонад. Пеш аз ин муҷассамаҳоро дар Донишгоҳи Кобул ва ҳайкали Абдулалӣ Мазорӣ, раҳбари пешини пешини Ҳизби ваҳдатро дар Бомиён вайрон кард. Онҳо ҳамчунин акси шуморе аз шахсиятҳои дигар, аз ҷумла Аҳмадшоҳ Масъуд ва шоҳи пешини Афғонистон Амонуллохонро аз деворҳо пок карда буданд.
Толибон дар даврони аввали ҳукуматдориашон дар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 муҷассамаҳои Буддо, намоди таърихи бостонии Афғонистонро дар вилояти Бомиён низ вайрон карда буданд.
Гуфтугӯ