Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби размикори тоҷик дар аввалин рақобаташ дар UFC маълум шуд


Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА).
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА).

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобаташро дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) FN (Fight Night) дар вазни сабук (то 70 кг) рӯзи 25-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мекунад, хабар медиҳад нашрияи MMAJunkie.

Рақиби Алиеви 23-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ мебошад, ки дар UFC рақобати чаҳруми худро баргузор мекунад. Вай дар муҳорибаҳои размии омехта ва UFC 20 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 11-тоаш шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.

Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи ҳафт қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1 метру 78 сантиметр, вазнаш сабук аст.

Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфта буд, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.

Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ҳафт муҳориба анҷом дода, дар ҳамааш дастболо шудааст. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.

Нурулло Алиев барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт.

"Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар замон UFC тавонад барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад", - гуфт Нурулло Алиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG