Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Ба истиқлол расидем, вале бачаҳои мо ҳанӯз шеъри русӣ мехонанд" ВИДЕО


Лаҳзае аз суҳбат
Лаҳзае аз суҳбат
Ҷӯра Ҳошимӣ, шоири бачаҳо ва барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, адабиёти кӯдакон бояд аз сиёсат ва маҳдудият орӣ бошад. "Дар мавзӯи Модару Ватан менависам. Бидуни ин номумкин аст. Дар бораи ҳукуматдорон шеър навиштан ба хотирам наомадааст," -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Ҷӯра Ҳошимӣ рӯзи 9-уми январ ба синни 75 расид ва ба ин баҳона ба чанд суоли мо посух дод.

Радиои Озодӣ: Дар яке аз суҳбатҳои худ гуфтед, ки дар аввал ғазал менавиштед. Чӣ гуна ба олами кӯдакон омадед, ба олами содда ва соддабаёнӣ?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Ҳамаи шоирону нависандагон дар партави адабиёти классикӣ тарбия меёбанд. Падари ман муллои калони деҳа ва модарам бибиотун буданд. Модаркалонамро надидаам, он кас мактабдор буданд. Дар хонаи мо қариб 200 китоб ба хаттӣ форсӣ буд. То соли 1962 телевизор набуд. Фақат баъзе ҳамсояҳо радио доштанд. Компютер дар тасаввуроти мо намеғунҷид. Дар зери рӯшноии чароғ менишастем ва падару модар барои мо китоб мехонданд. Табиист, ки одам агар шеър надонад, шеър навишта наметавонад. Чизҳои аввалини шунидаамон ғазал буд. Як рӯз бо устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ суҳбат доштам. Гуфтанд, як девони ғазал доштам, мутаассифона, сӯзондам, ҳамин корро Шумо накунед. Ман насиҳати устодро риоя накардам ва аз баҳри чанд ғазали навмашқона баромадам. Шеъри аввалини ман соли 1964 дар рӯзномаи "Конибодом" чоп шуд. Шеъри дигарам дертар соли 1965 ҳамроҳи ашъори Гулназар Келдӣ ва Алӣ Бобоҷон чоп шуд. Ҳамин сабаб шуд, ки ман ба шеъри бачаҳо рӯй овардам. Баъдан маро ба “Пионери Тоҷикистон” ба кор гирифтанд. 17 сол онҷо мондам."

Радиои Озодӣ: Тағйири жанру нигоҳ ба зиндагӣ мушкил набуд?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Не, зеро он қадар ғазалгӯ набудам, ки кирои хондану нашр кардан бошад. Ман осон ва бедушворӣ гузаштам. Афсонаву шеърҳои бисёри халқӣ мехондам, бисёр озод ба ин кор машғул шудам."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Ҷӯра Ҳошимӣ: Шоири кӯдакон шоири кӯчак нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:12 0:00

Радиои Озодӣ: Кӯдакон чиро меписанданд? Меъёри шеърнависӣ дар ин "олам" кадом аст? Чиро ба назар бояд гирифт?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Агар шеърро бача гӯяд, самимона ва аз таҳти дил мегӯяд. Ба вазну қофия зарурат надоранд. Гулчеҳра Сулаймонӣ гуфта буданд, ки як байти шеъри "Бибиҷонам"-ро духтарашон Шаҳло гуфтааст. Вақте модаркалонаш омаданд, вай ҳам гуфт, "Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд". Онро гирифта такмил карданд."

Радиои Озодӣ: Дар бораи шеъри "Бибиҷонам" гуфтед. Чаро солҳои охир шеърҳое ба вуҷуд намеоянд, ки ҳама кӯдакон чун гимн онро хонанду донанд. Мисли "Ман калон мешавам" ё ҳамин "Бибиҷонам меояд"?

Воқеан, дӯконҳои китоби мо нисбат ба дӯконҳои хӯроквориву либос ва мушрубот хеле камтар аст. Ҳар гуна шеъру китоби хуб ба ташвиқу тарғиб ниёз дорад.

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Ин мушоҳидаатон бисёр ба маврид аст. Воқеан, шеъри "Ман калон мешавам" гимни бачаҳои тоҷик буд. Азбаски шеър дар китоби "Алифбо"-и устод Ҳилол Карим ворид шуда қариб 50 сол маводи асосии илмомӯзии миллати мо буд, аз 7-сола то 70-сола ин шеърро медонистанд. Ман ҳам бисёр мехоҳам, дар мо шеърҳое бошанд, ки ҳама донанд. Барои як шеъри хуб гуфтан бисёр меҳнат кардан даркор аст. Як рӯз ба назди устод Наримон Бақозода даромадам. Чизе менавиштанду маро дида пинҳон карданд. Вақте шиштему сари як пиёла чой суҳбат кардем, гуфтанд, ба муносибати 50-солагии Шумо мақола менависам. Акнун, ки худатон омадед, биёед, муфассал суҳбат кунем. Ҳадаф аз шоирӣ чӣ аст ва чӣ ният доред? Гуфтам, мехоҳам, як шеър нависам, мисли "Ман калон мешавам". Агар ман ҳамин хел шеър нависам, пас, ман вазифаи худро ҳамчун шоири бачаҳо иҷро кардам. Ва ин мақола бо ҳамин мазмун чоп шуд."

Радиои Озодӣ: Ба ҳадаф расидед?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Не, нанавиштам. Аз шоирон мепурсанд, ки шеъри беҳтаринатон кадом аст? Мегӯянд, ҳоло шеъри беҳтаринамро нанавиштам. Ин кори бисёр мушкил аст. Худо худаш надиҳад, намешавад. Ноумед нестам. Худованд амон диҳаду умр вафо кунад, аз паси ҳамин кор ҳастам."

Радиои Озодӣ: Як танқиди доимӣ ин аст, ки шеъри кӯдаконаи мо ҳанӯз бӯйи Шӯравӣ мекунад. Ба назари Шумо дар муҳтаво, мавзуъ ва бандубаст тағйире ҳаст?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Дар эҷод ба истиқлол расидем. Метавонем дар бораи забони тоҷикӣ, расму оини худ озод нависем. Дар интихоби мавзуъ ва санъати шеър ҷиддӣ кор кардем. Ҳамроҳи Убайд Раҷаб як тазкирае барои бачаҳо тартиб додем ва сарлавҳа мондем – "Як шадда марҷон аз Тоҷикистон". Ман ҷамъоварӣ кардаму муаллим мехонданд ва андаке таҳрир мекарданд. Барои он ки ба адибону хонандагони Эрон ҳам мувофиқ бошад. Баъдан дидем, ки шеъри "Ман калон мешавам" нест, чун онҷо гуфта мешуд: "Ватанам СССР, Гулшанам СССР". Мо ба истиқлол расида будем. Бидуни ин шеър тазкира пурра набуд. Баъд муаллим ба назди устод Миршакар рафтанду гуфтанд, инро ягон кор кунед, ки ба замони мо мувофиқат кунад. Баъдан Мирсаид Миршакар бо дасти худашон ин шеърро таҳрир ва мувофиқ ба замон карданд."

Радиои Озодӣ: Набудани дӯкони китобфурӯшӣ дар хиёбонҳо чӣ пайомад дошта метавонад?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Воқеан, дӯконҳои китоби мо нисбат ба дӯконҳои хӯроквориву либос ва мушрубот хеле камтар аст. Ҳар гуна шеъру китоби хуб ба ташвиқу тарғиб ниёз дорад. Дастрас кардани китобҳоро барои бачаҳо осон гардонем. Шоиру нависанда ҳам тавре нависад, ки хонанда шеъри аввалро дида ба шавқ биёяд. Масъалаи фурӯши китоб ва камии дӯконҳои китоб ин дард аст. Мо бояд ба қадри имкон китобфурӯшиҳоро бештар кунем."

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо адабиёти нави моро барои шеърҳои ситоишӣ дар ҳаққи ҳукуматдорон ва ривоҷ додани шахспарастӣ танқид мекунанд. Дар китобҳои дарсӣ ва кӯдакон низ айни шеърҳо ҳастанд?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Адабиёти бачаҳо бояд аз сиёсат, ҳукумат ва маҳдудият озод бошад, ҳарчанд бидуни ин намешавад. Шеърҳое, ки Шумо гуфтед, бисёр кам аст. Шояд аз рӯйи зарурат, фармоиш ё хоҳиш навишта мешавад, аммо адабиёти бачагон нисбат ба адабиёти калонсолон ба истиқлол расидааст, хеле озод аст. Ман худ дар мавзӯи Ватан, Модар менависам, бидуни ин номумкин аст. Вале дар бораи ҳукуматдорон шеър навиштан дар хотирам наомадааст. Барои ман дар навиштани шеър барои бачаҳо озод будан беҳтар аст."

Радиои Озодӣ: Чаро шикоятҳо аз набудани достону шеъру китоби хонданӣ барои кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон солҳо боз ҳаст. Воқеан, надорем ва ё дастраси мардум нест ва ё ҷудоӣ миёни забони адабӣ ва забони мардум аз ҳад зиёд шуда, ки ҳамдигарро намефаҳманд?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Имрӯз шеърҳои мо, хусусан шеърҳои ман барои бачаҳо дастрас аст, мехонанд ва мефаҳманд. Шарти адабиёт ё шеъри бачаҳо ин аст, ки бача бо китоб суҳбат карда тавонад. Худаш хонад ва бе мадади нафари дигар онро фаҳмад. Аскар китобҳои бачагонаи мо ҳамин тавр ҳам ҳаст. Фақат мо ҳоло барои боғчаҳо камтар менависем ва норасоӣ ҳаст. Ба истиқлол расидему ҳанӯз бачаҳои мо шеърҳои русиро мехонанд. Шояд дастрас намешаванд. Шояд камтар аст ки ёфта наметавонанд. Нашриёти “Маориф”, ки ман онҷо кор мекунам, талош дорад нашри китобҳо барои бачаҳои томактабиро бештар чоп кунад."

Радиои Озодӣ: Ҳоло таваҷҷуҳ ба адабиёти кӯдакону наврасон чӣ гуна аст? Мо чанд Ҷӯра Ҳошимӣ дорем?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Ҳамасрону ҳамқаламони ман, яке аз шоираҳои хуб Маҳбуба Неъматзода, Латофати Кенҷа, Абдусаттори Раҳмон, Муродалӣ Собир, Эгами Назрулло ва чанд нафари дигар ҳастанд, ки дар ин майдон қувваозмоӣ мекунанд. Ҳар кас ба қадри имконияташ менависад. Инҳо воситаи дилпуриву умедвории мо ҳастанд, ки муҳити адабиёти бачаҳоро месозанд."

Радиои Озодӣ: Агар як дафъаи дигар ҳаққи интихоб медоштед, Ҷӯра Ҳошимӣ кӣ буд?

Ҷӯра Ҳошимӣ: "Шоири бачаҳо мешудам. Ман як вақт ҷое мақола навиштаму дар поёнаш нигоштам, ки Ҷӯра Ҳошимӣ, шоири бачаҳо. Баъд чандин нафар гуфтанд, чӣ даркор чунин навиштан, ин қадар хоксорӣ, беҳтар аст, шоир нависед. Ба назарашон шоири бачаҳо будан ин як дараҷаи дуюм ё сеюм аст. Барои ман шоири бачаҳо будан аз ҳама боло аст. Ман ифтихор мекунам, ки шоири бачаҳо ҳастам."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG