Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нафари дигарро дар Эрон ба қатл маҳкум карданд


Мақомоти Эрон мегӯянд, инҳо дар тазоҳурот дар Исфаҳон даст доштанд
Мақомоти Эрон мегӯянд, инҳо дар тазоҳурот дар Исфаҳон даст доштанд

Вазорати адлияи Эрон мегӯяд, се нафари дигарро, ки ба қатли се маъмури амниятӣ дар рӯзҳои тазоҳуроти саросарӣ дар кишвар даст доштанд, ба қатл маҳкум кардааст.

Бо ҳукми ин се нафар, дар умум теъдоди онҳое, ки дар робита ба тазоҳуроти семоҳа дар Эрон ба қатл маҳкум шудаанд, ба 17 нафар расид.

То кунун ҳукми чаҳор нафар аз маҳкумонро иҷро кардаанд ва ду нафари дигар дар навбат барои қатл ҳастанд.

Тазоҳурот дар Эрон баъд аз он шуруъ шуд, ки маъмурони амниятӣ Маҳсо Аминӣ, як духтари эрониро бо иддаои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG