Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба мавсими нави ҷудо дар Австрия


Варзишгарони тоҷик дар тамрини дастаҷамъие, ки аз 9-ум то 16-уми январ дар шаҳри Миттерсилли Австрия доир мегардад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ 671 варзишгар аз 43 кишвар ширкат меварзад.

Ба дастаи Тоҷикистон Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) шомиланд.

Зимнан, ин чаҳор паҳлавони шинохтаи тоҷик, инчунин Мансур Раҳмон (-90 кг) дар аввалин мусобиқаи мавсими имсола - Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Соли 2023 дар олами ҷудо баргузории як қатор мусобиқаҳои бузург ва бонуфуз дар назар аст. Аз он ҷумла, бори аввал дар Тоҷикистон мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии Гран-при оид ба ҷудо баргузор мешавад. Баргузории ин мусобиқа рӯзҳои 2-3-юми июн дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мусобиқаи асосии мавсими нав қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон мебошад, ки рӯзҳои 7-14-уми май дар шаҳри Давҳаи Қатар доир мегардад.

Омодагии хуб ба гуштигирони тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса имтиёзҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.

Тақвими мусобиқоти IJF World Tour дар соли 2023

27-29 январ. Гран-при, Алмада (Португалия)
4-5 феврал. "Тоскӯлоҳи бузург", Париж (Фаронса)
16-18 феврал. "Тоскӯлоҳи бузург", Тел-Авив (Исроил)
3-5 март. "Тоскӯлоҳи бузург", Тошканд (Узбекистон)
24-26 март. "Тоскӯлоҳи бузург", Тбилиси (Гурҷистон)
31 март-2 апрел. "Тоскӯлоҳи бузург", Анталия (Туркия)
7-14 май. Қаҳрамонии ҷаҳон, Доҳа (Қатар)
25-27 май. Гран-при, Линс (Австрия)
2-4 июн.Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)
23-25 июн. "Тоскӯлоҳи бузург", Улан-Батор (Муғулистон)
4-6 август. Мастерс, Будапешт (Маҷористон)
18-20 август. Гран-при, Загреб (Хорватия)
29-30 август. Мусобиқаи тестӣ, Париж-2024 (Фаронса)
22-24 сентябр. "Тоскӯлоҳи бузург", Боку (Озарбойҷон)
4-8 октябр. Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, Коимбра (Португалия)
10-12 ноябр. "Тоскӯлоҳи бузург", Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб)
2-3 декабр. "Тоскӯлоҳи бузург", Токио (Ҷопон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG