Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони футболбози тоҷик ба Тошканд мераванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2023, ки аз 25-ум то 31-уми январ дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дувумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона чаҳор тими миллӣ - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон - барои дарёфти мақоми пурзӯртарин дар минтақа мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2023 аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор шуда, дар он ҳар даста се бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, аввалин мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA -2022, ки моҳи январи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии мунтахаби Эрон хотима ёфт. Эрониҳо дар ҷадвали мусобиқа бо 16 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардиданд.

Мунтахаби Узбекистон, ки бо 13 имтиёз мақоми дувумро азони худ кард, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, медалҳои биринҷиро соҳиб гашт. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, бе медал монд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG