Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд-2023"


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар 19-умин мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023", ки аз 5-ум то 11-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи анъанавии зимистонаи "Ҷоми Рушд-2023" иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон дар назар аст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17) ва Эрон (U-17) рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Узбекистон (U-17) ва Русия (U-16) дохиланд.

Мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Баъдан дастаҳои ғолиб дар финал бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Инчунин бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6-ум ва 7-8-ум баргузор мешаванд.

Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар “Ҷоми рушд-2023” дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Минск

Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Узбекистон (U-17), Русия (U-16).

Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Русия (U-17), Тоҷикистон (U-17), Эрон (U-17).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2022», ки моҳи феврали соли гузашта дар шаҳри Мински Беларус доир гардид, дар гурӯҳи “А” бо 5 имтиёз сеюм ва аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқа чаҳорум шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG