Додситонии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба таҳқиқи ҳодисаи куштори як кӯдаки чорсола бо дасти падарандараш оғоз кардааст.
Сокини 32-солаи ин ноҳия ба қатли бераҳмонаи писари ҳамсараш гумонбар аст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5- уми январ хабар дод, ки Субҳоналӣ Эсанов, сокини деҳоти Лоҳутӣ дар пайи муноқиша бо ҳамсараш фарзанди ӯро бераҳмона қатл кардааст.
Ҳодиса рӯзи 26-уми декабр рух дода, ба иттилои мақомот, дар ин бора худи гумонбар ба кормандони милиса хабар додааст.
Ӯ иқрор шудааст, ки сари қаҳру ғазаб писарашро бо роҳи фиреб ва бо баҳони ҷамъоварии ҳезум ба замини кишт бурда, ба сару рӯйи кӯдак бо чуб зада, ӯро куштааст.
Парвандаи Субҳоналӣ Эсанов бо айби "одамкӯшӣ бо бераҳмии хос" таҳқиқ мешавад.
Ин бори аввал нест, ки кӯдакон қурбони муноқишаҳои волидон мешаванд . Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, дар 5 соли ахир нисбати 63 нафар, аз ҷумла волидону омӯзгорон бо гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда боз шудааст.