Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Қирғизистон "парвандаи Кампиробод"-ро шарҳ дод


Оқилбек Жапаров, нахуствазири Қирғизистон.
Оқилбек Жапаров, нахуствазири Қирғизистон.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 3-юми январ дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" созишномаи имзошуда дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ бо Узбекистон ва қазияи обанбори "Кампиробод"-ро шарҳ додааст. Ба гуфтаи Жапаров, бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон барои сари қудрат омадан мехоҳанд аз қазияи обанбори Кампиробод "сӯистифода" кунанд.

"Мехоҳам таъкид намоям, онҳое ҳам буданд ва ҳастанд, ки масъалаи обанборро барои мақсадҳои сирф худхоҳонаи худ истифода бурданд ва ҳоло ҳам кушиш мекунанд. Барои онҳо Кампиробод танҳо як баҳонаест, ки вазъро дар кишвар муташанниҷ сохта, сари қудрат оянд”, - изҳор доштааст Жапаров.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмӯъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG