Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости паноҳандагӣ аз кишварҳои аврупоӣ афзудааст


Дархости паноҳандагӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022-юм 54 дарсад афзудааст.

Ба иттилои раҳбари Оҷонс оид ба паноҳандагӣ дар Аврупо, Нина Григорий, дар 10 моҳи аввали имсол ба кишварҳои ИА 800 ҳазор дархост пешниҳод шуд.

Ин афзоиш аз ҳисоби омадани гурезаҳои украинӣ набудааст. Ба онҳо фақат мақоми ҳимояи муваққатӣ дода мешавад.

Бештар аз ҳама барои гирифтани паноҳандагӣ шаҳрвандони Сурия, Афғонистон ва Туркия дархост додаанд. Маълум нест, чӣ теъдод аз шаҳрвандони Русия имсол хоҳони паноҳандагӣ шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо қаблан эълон карда буд, ки имкон дорад ба он шаҳрвандони Русия, ки дар кишварашҳон таъқибу таҳдид мешаванд, раводиди башардӯстона бидиҳанд.

Аксарият мехостаанд, дар Олмон паноҳанда шаванд. Танҳо дар моҳи ноябр 190 ҳазор нафар аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар ҷойи дувум Фаронса қарор доштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG