Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу сардӣ дар Ню-Йорк боис ба марги 27 нафар шудааст


Барфи шадид ва ҳавои сарди рӯзҳои таҷлили Иди милоди Масеҳ дар ғарби аёлати Ню-Йорки Амрико ҳаёти камаш 27 нафарро аз байн бурд.

Рӯзи 26-уми декабр мансабдорони шаҳри Буффаллои аёлати Ню-Ййорк таъкид карданд, ки сокинон талош доранд, хонаву молашонро аз зери барф берун кунанд.

Аз 24-уми декабр дар Буфалло беш аз як метру 27 сантиметр барф боридааст.

Бар пояи омори расмӣ, шумораи фавтидагон ба 27 нафар баробар шуд. Ҷасадҳоро аксаран дар кӯчаву мошинҳояшон пайдо кардаанд.

Дар баъзе аз минтақаҳо поксозии кӯчаҳо бо мушкил мувоҷеҳ аст, зеро бисёре аз ронандагон мошинҳояшонро дар роҳҳо партофтаанд.

Ню-Йорк
Ню-Йорк

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG