Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва ҷавонони Қирғизистон қарор дар бораи баста шудани сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ "Азаттик Медиа"-ро тамдид кард. Дар ин бора Салкин Сарногоева, як масъули вазорати мазкур хабар дод.
Ба гуфтаи вай, сомонаҳои "Азаттик Медиа" то замоне баста боқӣ мемонанд, ки мақолаи баҳсӣ аз сомонаҳо пок нашавад. Масъули вазорати иттилоот гуфт, дар қонунгузорӣ муҳлати баста шудани сомонаҳо зикр нашудааст ва танҳо баъди пок кардани мавод сомона дастрас хоҳад шуд.
Охири моҳи октябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баста шуд.
Вазорати фарҳангу иттилоти Қирғизистон рӯзи 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номид. Ба бовари мақомот, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд.
Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.
Гуфтугӯ