Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сокинони Қирғизистон хостаанд, ба Тоҷикистон сафар накунанд


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз сокинони ин кишвар хостааст, ки муваққатан аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Намояндагони вазорат рӯзи 22-юми декабр даъватро ба "идомаи чораҳои маҳдудкунандаи сафари шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон" пайванд доданд.

"Ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода мешавад, ки муваққатан аз ҳар гуна сафар ё гузаштан ба кишвари севум тавассути хоки Тоҷикистон худдорӣ кунанд," - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Тоҷикистону Қирғизистон, ки бештар аз сӣ сол боз наметавонанд, бахше аз қаламрави худро таъйину нишонагузорӣ кунанд, аз баҳори соли 2021 ба ин сӯ сарҳади худро ба рӯйи якдигар бастаанд.

Аз 970-980 километр сарҳад тақрибан чаҳорсад километри он номуайян мондааст.

Дар оғоз сокинони ду тарафи сарҳад бо якдигар баҳси лафзиву сангпартоӣ мекарданд, аммо дар соли 2021 ва 2022 задухӯрди маргбор сурат гирифт.

Дар ин ду даргирӣ аз ду ҷониб садҳо кас кушта шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG