Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви ДОИШ-ро дар Тоҷикистон зиндонӣ карданд


Як сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёнро барои ҷалби муҳоҷирон ва шаҳрвандони Русия ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба 12 сол зиндон маҳкум кардаанд.

Ҳукмро Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи ноябри имсол эълон карда, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр дар бораи парванда тафсилот дод.

Ба иттилои додситонӣ, Сафар Каримов “дар муҳоҷират дар Русия ба ДОИШ пайваста, ҷавононро барои шомил шудан ба ин гуруҳи ифротӣ ва сафар ба Сурияву Ироқ таблиғ мекардааст.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Сафар Каримовро соли 2017 ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ доданд ва ӯ дар Русия боздошт шуд.

“То замони истирдод чаҳор моҳ дар як боздоштгоҳи Самара истод. Дар онҷо чазор шаҳрванди Русияро ҳам барои узвият дар ДОИШ ташвиқ кардааст,” – омадааст дар иттилоия.

Мавқеи Сафар Каримова ва вакили мудофеаш маълум нест.

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бахше аз онҳо куштаву беному нишон ва қисми дигар дастгир шудаанд. Як гуруҳи хурд ба Тоҷикистон баргашта ё афв гардиданд ва ё зиндонӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG