Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар Боку ду медал гирифтанд


Муҳаммадамин Абдуллоев. Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Муҳаммадамин Абдуллоев. Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ миёни наврасони то 17-сола, ки рӯзҳои 16-19-уми декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, ду медал (як нишони тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доштанд.

Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар риштаи гуштии озод дар вазни то 80 кило бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, дар финал намояндаи Қазоқистон Илёс Амонжолро шикаст дод ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Суннат Абдуллоев дар риштаи гуштии юнонию румӣ дар вазни то 65 кило медали биринҷӣ гирифт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Исоҷон Нурмаҳмадзода дар ин намуд дар вазни то 71 кило ҷойи панҷумро ишғол кард.

XS
SM
MD
LG