Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дарвозаҳои донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон бастанд


Ҳукумати Толибон дар як иқдоми нав, раванди омӯзиши духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Афғонистонро манъ кард. Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз ин тасмими Толибон интиқод карданд.

Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон бо фиристодани номаи расмӣ ба ниҳодҳои таҳсилоти олӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки "таҳсили занон то дастури баъдӣ ба таъхир андохта шавад".

Дар ин нома гуфта шудааст, ки ин тасмим дар нишасти кобинаи вазирони ҳукумати Толибон гирифта шудааст. Бар асоси ин нома, ниҳодҳои таҳсилӣ вазифадор гардидаанд, ки дастурро ҳар чӣ зуд ва ба таври комил иҷро намоянд.

Ин нома пас аз зӯҳри рӯзи сешанбе аз сӯи Мавлавӣ Нидо Муҳаммад "Надим", сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон имзо шудааст.

Нидо Муҳаммад Надим ахиран дар сафар ба вилояти Ҳирот изҳороти тунде дар мавриди таҳсили духтарон дар Афғонистон дошт, ки вокунишҳоеро дар сатҳи байналмилалӣ барангехт. Вай гуфта буд, ки таҳсилоти олии духтарон бо фарҳанги афғонҳо ва таълимоти динӣ мутобиқат надорад ва омӯзиши духтарон "фарҳанги хориҷӣ" аст ва дар замони Шоҳ Амонуллоҳхон ва Зоҳиршоҳ дар Афғонистон ривоҷ ёфтааст.

Амрико, Бритонё ва Канада тасмими Толибон дар бораи манъи занон ва духтарон аз рафтан ба донишкада ва донишгоҳҳоро маҳкум кардаанд. Роберт Вуд, фиристодаи вижаи Амрико барои СММ гуфт, Толибон ин интизорро надошта бошанд, ки ба узвияти ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин танҳо замоне имконпазир аст, ки Толибон ба ҳуқуқи ҳама афғонҳо, ба вижа ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосии занон ва духтарон эҳтиром бигузоранд.

Намояндаи Бритониё ҳам дар СММ гуфтааст, ки ин тасмими Толибон яке дигар аз мавридҳои нақзи ваҳшатноки ҳуқуқи занон буда ва як ноумедии амиқ барои духтарони донишомӯз аст. Вазири корҳои хориҷии Канада ҳам дар сафҳаи "Твиттер"-аш амалкарди Толибон дар баробари духтарон ва занони Афғонистонро маҳкум карда, онро "қонуншикании золимона" хондааст.

Ҳукумати Толибон дар ҳоле тасмим ба таътил кардани дарс барои духтарон дар донишгоҳи донишкадаҳо барои духтарон гирифтааст, ки моҳи гузашта ҳазорон тан аз духтарони хатмкунандаи синфи дувоздаҳ бо умедворӣ ба оянда, бо вуҷуди он ки ҳаққи интихоби бархе аз риштаҳо ба онҳо дода нашуда буд, дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок карданд.

Толибон аз моҳи августи соли гузашта ба ин тараф рафтани духтарони аз синфи шаш болоро ба мактабҳо манъ карданд ва ба ин тартиб, миллионҳо духтар аз рафтан ба мактаб маҳрум карда шуданд.

Бо вуҷуди онки ниҳодҳои мадании Афғонистон ва созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар ба шумули СММ аз ҳукумати Толибон хостаанд, то иҷозаи идомаи таҳсилро ба духтарон биҳиҳад, аммо ин гурӯҳи тундрав ба ин хостаҳо таваҷҷуҳе накарда, балки бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои бештар, арсаро ба рӯи духтарон ва занон тангтар сохтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG