Дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар, ки рӯзи якшанбеи 18-уми декабр доир мегардад, дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Фаронса барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мубориза мебаранд.
Мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниманиҳоӣ тими миллии Хорватияро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, нахустин шуда ба финали мусобиқот роҳ пайдо кард. Мунтахаби Фаронса, ки дар бозии дуюми ниманиҳоӣ тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ ёфт.
Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Аргентина бори охирин дар бозии расмӣ соли 2018 дар ҳаштякфинали қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия рӯбарӯ шуда буданд. Он замон фаронсавиҳо дар муборизаи шадид бо ҳисоби 4:3 пирӯз гаштанд.
Ҳамакнун фаронсавиҳо имкон доранд, ки бори дуюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёбанд. Мунтахаби Аргентина бошад, бори шашум дар финали қаҳрамонии ҷаҳон ширкат меварзад ва ду бор – солҳои 1978 ва 1986 - Ҷоми ҷаҳонӣ ва медалҳои тилои мусобиқотро ба даст овардааст.
Ба дастае, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ғолиб меояд, ҷоизаи молӣ ба маблағи наздики 40 миллион евро сурпурда мешавад. Ин нисбат ба маблағе, ки қаҳрамони ҷаҳон-2018 - Фаронса - гирифта буд (32,5 миллион евро) бештар аст.
Барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Марокаш рӯзи шанбеи 17-уми декабр талош мекунанд. Ба ғолиби бозӣ барои ҷойи сеюм 27 миллион евро супурда хоҳад шуд.
Мунтахаби Хорватия барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018 мебошад. Мунтахаби Марокаш бошад, дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон ягона тими миллӣ аз қораи Африқост, ки бори аввал шонси гирифтани медалҳои мусобиқотро дорад.
Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 5 голи задааш дар мақоми аввал аст. Аргентинӣ Лионел Месси низ 5 гол задааст, ки сетоаш аз пеналти мебошад. Ӯ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хулиан Алвареси аргентинӣ ва Оливйе Жируи фаронсавӣ бо чаҳорголӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд.
Дарвоқеъ, ҳамлагари 35-сола Лионел Месси, ки дар муддати фаъолияти варзишиаш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст, орзу дорад аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёбад.
Ҳамин тариқ, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 64 бозӣ ду бозии дигар мондааст. Ҳисоби бузургтарин дар мусобиқоти имсола дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида шуд – 7:0 ба фоидаи Испания.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки бо ширкати 32 дастаи мунтахаб 20-уми ноябр шуруъ шуд, рӯзи 18-уми декабр ба поён мерасад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар:
Бозӣ барои ҷойи сеюм, 17-уми декабр (шанбе):
20:00. Хорватия - Марокаш
Финал, 18-уми декабр, якшанбе:
20:00. Аргентина – Фаронса
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Дастаҳои мунтахаби миллӣ, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд:
Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;
Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;
Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;
Аргентина (2 бор): 1978, 1986;
Уругвай (2 бор): 1930, 1950;
Фаронса (2 бо): 1998, 2018;
Англия (1 бор): 1966;
Испания (1 бор): 2010.