Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии 19 боздоштшудаи парвандаи "Кампиробод"


Ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасулова мегӯяд, шумори гумонбарони "парвандаи Кампиробод", ки гуруснанишинӣ эълон кардаанд, ба 19 нафар расид.

"Ҳафт гумонбари ҳабсшуда 14-уми декабр ба Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон дар бораи гуруснанишинии худ расман хабар доданд. Рӯзи 15-уми декабр 12 нафари дигар ба онҳо пайваст. Ҷамъан 19 кас гуруснанишинӣ эълон кардааст", - гуфт ӯ.

Сухангӯи Хадамоти иҷрои ҷазо Элеонора Сабатарова гуфт, то ҳол 7 нафар дар бораи гуруснанишинии худ расман хабар доданд. Дар бораи тасмими гуруснанишинии гумонбарони боқӣ иттилое надоранд.

Пештар аз ин боздоштшудаҳои дигари "парвандаи Кампиробод" Клара Сооронқулова, Рита Карасартова, Перизат Суранова ва Орозайим Нарматова муроҷиатномаеро ба унвонии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байнулмилалӣ ва ҷомеаи кишвари худ нашр карданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро ба "омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG