Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон дархости фаъоли маданиро рад кард


Додгоҳе дар вилояти Алмаатои Қазоқистон дархости озодии шартӣ ва пеш аз муҳлати фаъоли зиндонӣ Ермек Наримбоевро рад кардааст.

Қаблан Наримбоев аз додгоҳ дархост карда буд, ки ҷазои ӯро сабуктар ва шартан аз зиндон озод кунад. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ Жанар Балгабаева, додгоҳ бо ишора ба муҷозоте, ки моҳи июни имсол нисбат ба шахси зерҳимояаш эълом шуда буд, дархостро рад кардааст.

“Мо аз болои ин ҷазо шикоят кардем. Дар ин бора қарори ниҳоӣ вуҷуд надорад, аммо додгоҳ мегӯяд, ки ӯ муҷозот шудааст”, - гуфт Балгабоева. Вакили дифоъ афзуд, ки аз болои қарор ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Ермек Наримбоеви 52-сола дар маҳбаси Заречнии вилояти Алмаатои Қазоқистон адои ҷазо мекунад. Наримбойро ибтидои соли 2016 бо айби "барангехтани адоват" се сол зиндонӣ карда буданд. Додгоҳ дертар ҳукми ӯро ба маҳдудсозии озодӣ иваз кард. Наримбоев бидуни иҷозаи додгоҳ Қазоқистонро тарк карда буд.

Вай моҳи феврали соли ҷорӣ аз Украина ба Қазоқистон баргашт ва боздошт шуд. Ӯро барои адои боқимондаи ҳукми пешин ба ҳабс гирифтанд.

XS
SM
MD
LG