Меҳрзод Сӯфиев, паҳлавони тоҷик, дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии курес (кураш)-и қазоқӣ, ки дар Қасри Жақсилик Ушкемпирови шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, ҷараён дорад, медали тило ба даст овард.
Ин варзишгари тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқа – 13-уми декабр - дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило ба ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири қазоқ Марат Неъматуллоев дастболо шуда, бо медали тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 2000 доллари ИМА сарфароз гашт.
Зимнан, ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон мебошад. Дар рӯзи аввали рақобатҳо - 12-уми декабр - паҳлавони маъруфи тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рақобатҳо дар вазни то 82 кило мақоми сеюмро касб кард, медали биринҷӣ ва 500 доллари ИМА гирифт.
Дар ин вазн Айдин Дартаеви қазоқ дар финал ба Умед Эсанови узбекистонӣ ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба курес (кураш)-и қазоқӣ 350 гуштигир аз наздики 40 кишвар иштирок дорад, хабар медиҳад Оҷонсии иттилоотии байналмилалии “Кaзинформ”. Мусобиқот дар се гурӯҳи синну сол: бузургсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор шудааст.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот аз шаш вазн (чаҳор вазн байни мардон ва ду вазн миёни занон) мизбонон дар панҷ вазн ғолиб шуданд: Бекхан Толепов (55 кг), Нур Амоншукуров (66 кг) ва Жумажан Кожамбеков (74 кг) – миёни мардон, Рауза Нурмаҳаметова (55 кг) ва Зарина Сарипова (65 кг) – байни занон. Танҳо дар як вазн меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд, ӯ ҳам бошад, паҳлавони тоҷик Меҳрзод Сӯфиев (60 кг).
Имрӯз, 14-уми декабр, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба курес (кураш)-и қазоқӣ дар шаҳри Остона идома меёбад.