Вазири умури хориҷии Амрико Энтони Блинкен гуфт, Вашингтон аз созиши марзӣ миёни Тошканд ва Бишкек истиқбол мекунад. Блинкен дар ин бора рӯзи 12-уми декабр баъди гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар Вашингтон ибрози назар кард.
"Чун ҳамеша қайд мекунам, ки ИМА аз соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Узбекистон ҷонибдорӣ мекунад. Ман аз таъйин ва аломатгузории марзи Узбекистон бо Қирғизистон истиқбол менамоям. Ин паёми нерӯманде аст барои кишварҳои дигари минтақа, ки баҳсҳои марзиро мешавад бо роҳи дипломатӣ ҳал кард", - афзудааст ӯ.
Президентони Қирғизистон ва Узбекистон чанд санади марбут ба аломатгузории марз миёни ду кишвар, аз ҷумла созиши мудирияти обанбори Кампирободро имзо карданд.
Ин марҳилаи ниҳоии созиши ду кишвар дар мавриди таъину аломатгузории марзи миёни Узбекистону Қирғизистон дониста мешавад.
Рӯзи 17-уми ноябри имсол порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома оид ба мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон қабул кард.