Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии куреси қазоқӣ, ки 12-уми декабр дар Қасри Жақсилик Ушкемпирови шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ин варзишгари 27-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 82 кило мақоми сеюмро касб кард. Дар ин вазн Айдин Дартаеви қазоқ дар финал ба Умед Эсанови узбекистонӣ ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ба ҷуз аз Ҳамроз Раҷабов, гуштигири ҳолландӣ Амир Ҳусейнӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Зимнан, Ҳамроз Раҷабов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ду бор – солҳои 2016 ва 2021 - дар вазни то 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Вай, инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 2016 медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куреси қазоқӣ 350 гуштигир аз наздики 40 кишвар иштирок дорад, хабар медиҳад Оҷонсии иттилоотии байналмилалии “Кaзинформ”. Мусобиқот дар се гурӯҳи синну сол: бузургсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор шудааст.
Дар рӯзи аввали мусобиқот ғолибону ҷоизадорон дар вазнҳои 82, 90, 100 ва беш аз сад кило миёни мардон, инчунин 75 ва беш аз 75 кило миёни занон маълум шуданд:
Мардон
82 кг:
1. Айдин Дартаев (Қазоқистон);
2. Умед Эсанов (Узбекистон);
3. Амир Ҳусейнӣ (Нидерланд);
3. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон).
90 кг:
1. Томас Шепаняк (Полша);
2. Жамалбек Асилбекуулу (Қирғизистон);
3. Токтарбек Айдарбек (Қазоқистон);
3. Иван Козов (Молдова).
100 кг:
1. Марат Байкамуров (Қазоқистон);
2. Баҳриддин Абдураимов (Узбекистон);
3. Алексей Лусенко (Полша);
3. Даваабат Тсогтбаатар (Муғулистон).
+100 кг:
1. Нурдаулет Жарилкапов (Қазоқистон);
2. Бекболат Токтогонов (Қирғизистон);
3. Георгий Чагелишвили (Гурҷистон);
3. Муҳсин Ҳисомиддинов (Узбекистон).
Занон
75 кг:
1. Баттсетсег Тсог-Очир (Муғулистон);
2. Деборах Вос Каели (Нидерланд);
3. Филура Эргашева (Узбекистон);
3. Саҳбоз Сананур (Туркия).
+75 кг:
1. Нагира Сарбашова (Қирғизистон);
2. Елена Кебадзе (Гурҷистон);
3. Раҳима Юлдошева (Узбекистон);
3. Молдир Азамат (Қазоқистон).